CNN: Қарори Анқара оид ба сарозер кардани ҳавопаймои СУ-24 Эрдуғонро дар чашми иттифоқчиёнаш дар НАТО бадном кард

Ноябрь 26, 2015 14:23

Душанбе, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Қарори сарозер кардани ҳавопаймои Русия эътибори Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғонро дар чашми иттифоқчиёни ин кишвар дар НАТО хатшадор карда, ҳамчунин кӯшишҳои Ғарбро дар самти наздик шудан бо Маскав дар мубориза бар зидди гурӯҳи «Давлати исломӣ» зери суол бурд. Дар ин бора шабакаи телевизионии СNN иттилоъ медиҳад. 
«Шарикони Эрдуғон дар НАТО акнун метавонанд ӯро танҳо шахси беэътимоди оварандаи носуботӣ дар чунин вазъият, ки ба осонӣ метавонад таркиш рух диҳад, ҳисобанд. Шарики беэътимоде, ки натавонист чун НАТО то анҷоми ҷанги сард хунсардиро нигоҳ дорад», — омадааст дар CNN.
Шабакаи телевизионӣ зикр менамояд, ки бо ин амали Туркия имкони ҳамкорӣ миёни Маскав ва Ғарб дар самти Сурия ба таври назаррас коҳиш ёфт. «Барак Обама ва Президенти Фаронса Франсуа Олланд дар Кохи Сафед мулоқот карда, аз Русия даъват намуданд, ки ба мавқеи ДИ дар Сурия дар ҳамкорӣ бо эътилофи онҳо зарба занад, на ин ки дар танҳоӣ», — иқтибос меорад шабака. — Ба назар менамояд, ки шароити аз ҳама мусоид барои ин кор ҳафтаи гузашта ба вуҷуд омад, вақте ки дар Фаронса ва Русия барои онҳое, ки бар асари ҳамлаҳои террористии ДИ ҳалок гашта буданд, мотам мегирифтанд ва омода буданд, ки дар партави фоҷиаҳои миллӣ нисбат ба Сурия ба созиш оянд».
Тибқи  баҳодиҳии шабакаи телевизионӣ, роҳбарони Русия ва Фаронса «масъулияти маънавиро барои фаъол гардонидани амалҳои муштарак эҳсос карданд». «Дар дипломатияи байналмилалӣ ин ҳодисаи ғайричашмдошт аст ва баъзе дипломатҳо гумон карда истодаанд, ки сиёсати Русияро дар Сурия, ҳамчунин дастгирии онро аз Башор Асад, метавон тағйир дод. Инро наметавон ба таври осон ва зуд анҷом дод, ҳарчанд ки барои ин имкониятҳо буданд. Эрдуғон ҳамаи инро барбод дод»,-таъкид шудааст дар мавод. 
Қиркунандаи НҲҲ Туркия F-16 рӯзи сешанбе  ҳавопаймои Су-24-и Русияро сарозер кард, тавре ки Анқара иттилоъ медиҳад, гӯё он ҳарими ҳавоии мамлакатро дар марз бо Сурия вайрон карда бошад. Вазорати мудофиаи Русия эълон медорад, ки Су-24 дар ҳудуди Сурия қарор дошт ва «ҳеҷ вайронкорие дар ҳарими  ҳавоии Туркия вуҷуд надошт». 
Президенти Русия Владимир Путин огоҳ кард, ки ҳамла ба бомбаандози русӣ дар муносиботи Русияву Туркия «оқибатҳои ҷиддӣ»-ро метавонад ба бор  орад. 
В. Путин ҳамчунин ҳуҷуми НҲҲ Туркия ба бомбаандози СУ-24-ро, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Сурия иштирок мекард ва ҳеҷ таҳдиде ба амнияти Туркия надошт, — «зарба ба пушт»-и Русия хонд.   
Ҳамзамон Ситоди генералии Туркия бо атташеи ҳарбии Русия дар атрофи қазияи сарозер кардани бомбаандози Русия Су-24 машварат гузаронид.  Дар ин бора бо ишора ба гузориши мақомоти низомии Туркия «Reuters»  хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки атташеи ҳарбии Русия оид ба вазъи ҳодиса маълумоти муфассал гирифтааст. Аз ҷумла, низомиёни Туркия шарҳ доданд, ки қоидаҳои вокуниш пас аз оне, ки ҳавопаймо ба огоҳӣ ҷавоб нагардонидааст, роҳандозӣ шудаанд.  Ҳангоми огоҳонидан моликияти куҷо будани ҳавопаймо номаълум буд, омадааст дар баёния.
Низомиёни Туркия дар изҳороти худ зикр намуданд,  ки барои ҷустуҷӯ ва наҷоти сарнишинони ҳавопаймои сарозершуда тамоми кӯшишро ба харҷ додаанд. 
Ғайр аз ин, таъкид шудааст, ки ҷониби Туркия бо сохторҳои қудратии Маскав аз тариқи телефон дар тамос шуда, омодагиашро барои ҳама гуна ҳамкорӣ изҳор доштааст. 

 

Ноябрь 26, 2015 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад