Дабири кулли НАТО тасдиқи фарзияи Туркияро оид ба суқути СУ-24 эълон кард
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг эълом дошт, ки фарзияи Туркия оид ба суқути ҳавопаймои СУ-24-и Русия дар Сурия аз манбаъҳои кишварҳои дигари НАТО тасдиқ шуд.
«Маълумоти аз дигар иттифоқчиён ба даст омада ба тафсири Туркия мувофиқ аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел Дабири кулли НАТО.
Чанде пеш ҷониби Туркия изҳор дошт, ки пеш аз оташ кушодан, ҳарбиёни Туркия якчанд маротиба ҳавопаймои номаълумро дар мавриди 15 км ё камтар аз он ба марзи Туркия наздик буданаш ҳушдор додаанд. Бино ба маълумоти ҷониби Туркия, ҳавопаймо ба огоҳӣ эътибор надода, ба фазои ҳавоии Туркия ворид шудааст, ки дар ҷавоб ҳарбиёни Туркия онро сарозер кардаанд.
Столтенберг ҳамчунин изҳор дошт, ки андешидани тадбирҳои пешгирии низоъҳои нав вобаста ба амалиёти низомӣ дар Сурияро муҳим мешуморад.
«Аҳамияти дидани чораҳо дар он аст, ки дар оянда метавонанд рух додани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намоянд», — гуфт ӯ.
Столтенберг аҳамияти робитаҳои минбаъдаи Маскав ва Анқараро оид ба ин ҳодиса таъкид карда, аз ҷонибҳо даъват намуд, ки дар қабули қарорҳо ботаҳаммул бошанд.
Тавре ки чанде пеш иттилоъ додем, субҳи рӯзи сешанбе, неруҳои ҳарбӣ- ҳавоии Туркия ҳавопаймои низомии СУ-24-и Русияро дар марз бо Сурия сарозер карданд.
Дар навбати худ, Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо шоҳи Урдун Абдуллоҳ II таъкид кард, ки ҳавопаймои низомии Русияро ҳавопаймои F-16-и Туркия дар қаламрави Сурия сарозер кардааст. В. Путин ёдовар шуд, ки ҳавопаймои ҷангии сарозершудаи Русия дар Сурия ба Туркия ҳеҷ таҳдид надошт. Президенти ФР изҳор дошт, ки суқути СУ-24 дар муносибатҳои Русияву Туркия метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






