Дар арафаи Рӯзи Конститутсия истеҳсоли сементи ватанӣ ба беш аз 1 млн. тонна расонида шуд

Ноябрь 5, 2015 11:29

Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз бахшида ба Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Вазири саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Бобозода иштирокчиёни ҷамъомад ва меҳмононро бо Рўзи Конститутсия табрик гуфт. 
Зикр гардид, ки  кормандони вазорат,  корхонаву муассисаҳои соҳавӣ ҷиҳати  татбиқи Сарқонун дар фаъолият ва ҳаёти рӯзмарраи худ ва аз ин тариқ,  баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт.
Дар арафаи таҷлили 21-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли сементи ватанӣ ба 1 млн. 240  тонна ва  истихроҷи ангиштро ба 885 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 мутаносибан 140 ҳазор тонна семент ва 183 ҳазор тонна ангишт зиёд мебошад, ки ин дастоварди таърихии саноати мамлакат туҳфаи арзандае ба мардуми кишвар арзёбӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки Конститутсия — чун сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва давлати мо паҳлуҳои асосии ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, эътибори ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои  он мустақиман амал намуда, давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои  ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Инчунин бахшида ба Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорат ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон»-и шаҳри  Душанбе  кумакҳои моддию молиявӣ  расонида шуданд. 
Дар хатми ҷамъомад як гурӯҳ кормандони фаъоли вазорат,  корхонаҳои соҳа бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ноябрь 5, 2015 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ