Дар Фаронса тадбирҳои амниятӣ пурзӯр шуданд

Ноябрь 14, 2015 06:15

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар). -Рӯзи ҷумъа дар якчанд нуқтаи Париж тирандозӣ ба амал омад. Ҳамчунин дар наздикии майдони варзишии Stade de France, ки дар он бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Фаронсаю Олмон ҷараён дошт, се таркиш ба амал омад. Дар ин бозӣ президенти Фаронса Франсуа Олланд низ ширкат дошт, ки фавран аз ҷониби кормандони хадамоти амниятӣ ба ҷои безарар интиқол дода шуд. Ҳамзамон васоити ахбори оммаи Фаронса дар мавриди гаравгонгирӣ дар толори консертии Париж Bataclan гузориш доданд, ки дар он ҷо гурӯҳи роки амрикоии Eagles of Death Metal баромад мекард. 
Президенти кишвар Франсуа Олланд дар муроҷиати телевизиониаш ба мардуми Фаронса оид ба ҷорӣ намудани ҳолати фавқулодда дар қаламрави кишвар ва баста шудани марзҳои давлатӣ хабар дод. Полис сокинони Парижро даъват кардааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд. 
Бинобар ҳодисаҳои ахири Париж, ширкатҳои бузурги сайёҳии Япония JTB,  сафарҳои сайёҳии худро аз 14 то 15 ноябр қатъ намудаанд. Сарвазири Япония Синдзо Абэ, ки ҳоло бо сафари расмӣ дар Туркия ҳузур дорад, марбут ба ҳодисаҳои маргбори Париж дастур додааст, ки барои бехатарии зиддитеррористӣ тамоми тадбирҳо андешида шаванд. Дар ин бора котиби генералии ҳайати вазирони Япония Ёсихидэ Суга хабар дод. 
Бинобар амалҳои террористӣ дар пойтахти Фаронса ширкати ҳавопаймоии амрикоии Delta хатсайрҳои худро  аз 13 то 15 ноябр ба майдонҳои ҳавоии Руасси Шарл де Голл ва Орли қатъ намудааст.
«Вазъияти амниятии Париж метавонад ба саёҳат ба он ва тавассути ин кишвар таъсир расонад. Зуд-зуд мақоми хатсайратонро хабар гиред ё ин ки маълумоти тозаро тавассути дастгоҳи бесим ё почтаи электрониатон дастрас кунед», — иттилоъ додааст ширкат.
Пас аз силсилаҳамлаҳои Париж, пулиси Филиппин ба ҳолати дараҷаи баланди омодагӣ гузаронида шуд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо радиои маҳаллӣ намояндаи расмии мақомоти қудратии ин кишвар Вилбер Мэйор иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои додситони шаҳри Париж, оид ба амали террористӣ корҳои тафтишотӣ оғоз гардидаанд.  «Тафтишот тибқи моддаҳои «куштор бо мақсади террористӣ» ва «таъсиси гурӯҳҳои ҷиноятӣ бо мақсади ташкили ҳамлаҳои ҷинояткорона» бурда мешаванд», — гуфт додситон. Моленс муайян кард, ки ифротгароён амалҳои террористиро яку якбора дар 6 нуқтаи пойтахти Фаронса- шаҳри Париж ба амал овардаанд.
Вазъияти фавқулодда дар тамоми қаламрави Фаронса ҷорӣ шудааст. Дар ин бора дар баёнияи Қасри Елисей, ки дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои вазирон қабул шуд, омадааст.
Дар робита ба амалҳои террористии Париж, пулиси Лондон нияти андешидани тадбирҳои бехатариро дар пойтахти Бритониё надорад. Маркази муттаҳидгардидаи таҳлили терроризм охири моҳи август сатҳи таҳдиди терроризми байналмилалиро дар ин кишвар вобаста ба тезу тунд гардидани вазъияти Ироқу Сурия ва афзудани теъдоди гурезагон аз ин кишварҳо ба Аврупо ҷиддӣ ва муташанниҷ хонд. «Шояд мо дар баъзе аз кӯчаҳо навбатдории иловагӣ ҷорӣ кунем, вале ҳоло андешидани тадбирҳои бештари бехатарӣ ба нақша гирифта нашудааст», — иттилоъ дод пулиси Лондон.
Ҳамзамон ВКХ-и Британия ба шаҳрвандонаш, ки дар Париж ҳастанд, тавсия медиҳад, ки ба кӯчаҳо набароянд. 

Ноябрь 14, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд