Дар Хатлон ҷамъоварии пахта ба 91% расид

Ноябрь 26, 2015 08:57

Қурғонтеппа, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон чиниши  пахта идома дорад.
Тавре ки  аз Раёсати  кишоварзии  вилояти Хатлон  иттилоъ  доданд,  ҳоло  дар вилоят 251 ҳазору 806 тонна  пахта  ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 91  фоизи  иҷрои  нақшаи пешбинишуда  баробар мебошад.
Тибқи нақшаи пешакӣ дар вилояти Хатлон бояд 275 ҳазору 250 тонна  пахта  ҷамъоварӣ  шавад. Аз  18 ноҳияи  пахтакор 9  ноҳия  аз  иҷрои нақшаи чиниши пахта  баромаданд.

Ноябрь 26, 2015 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш