Дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли картошкаи бирён бунёд мешавад
Хоруғ, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли картошкаи бирён бо истифода аз картошкаи ватанӣ ба кор андохта мешавад. Корхонаи мазкур бо ибтикори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳсулоти ғизоии кӯҳӣ» бунёд ёфта, ба гуфтаи роҳбари он Садрия Мародмамадова дар он 20 сокини маҳалӣ ба кор ҷалб хоҳад шуд.
Дар оянда дар корхона ният доранд як навъ маҳсулотро бо номи чипс истеҳсол намоянд. Роҳбари ҷамъияти мазкур Садрия Мародмамадова гуфт, ки ин намуди маҳсулот дар бозори дохилӣ талабгорони зиёд дорад ва он асосан аз картошка истеҳсол мешавад. Аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парвариши картошка машғул мешаванд ва ҳосили хубу босифатро ба даст меоранд. Аз ин рӯ зарурати интиқоли ин маҳсулот аз кишварҳои хориҷӣ вуҷуд надорад ва он танҳо ба иқтисоди мо зарар меорад. Агар мо ин намуди маҳсулотро худамон тавлид кунем, ҳам даҳҳо нафар аз ҳамдиёрон соҳиби ҷои кор мегарданд ва ҳам сифати маҳсулотро ба таври комил кафолат медиҳем. Ҳоло сохтмони корхона идома дорад. Ба гуфти Садрия Мародмамадова дар рӯзҳои наздик таҷҳизоти зарурӣ ба корхона ворид мешаванд ва баъди васл кардани он ба кор шуруъ мекунем. Дар назди корхона ошхонаву меҳмонхона низ мавҷуд аст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






