Дар Мали силоҳбадастон беш аз 170 бошандаи меҳмонхонаи «Radisson»-ро гаравгон гирифтанд

Ноябрь 20, 2015 10:51

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Силоҳбадастон ба меҳмонхонаи «Radisson Blu»-и пойтахти Мали — шаҳри Бамако ҳамла карда, беш аз 170 бошандаи онро гаравгон гирифтанд. 
Бино ба маълумоти охирин, дар ин ҳамла 12 силоҳбадаст даст дорад. Неруҳои амниятии Мали амалиёти озодкунии гаравгонҳоро оғоз карданд. 
Бино ба иттилои «Daily Mail», дар ин ҳамла 9 бошандаи ин меҳмонхона ба ҳалокат расидааст.

Ноябрь 20, 2015 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш