Дар Париж ҳамоиши иқлимии СММ оғоз ёфт
Душанбе, 30.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар пойтахти Фаронса ҳамоиши иқлимии СММ, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин роҳбарони кишварҳои дигар иштирок менамоянд, ба кораш шурӯъ кард.
Ин чорабинӣ як рӯз пештар аз мӯҳлати пешбинишуда оғоз меёбад, то кишварҳои иштироккунандаи он барои муҳокимаи ҳуҷҷатҳое, ки бояд аз рӯи натоиҷи ҳамоиш ба имзо расонида шаванд, вақти бештар пайдо намоянд.
Бисёр роҳбарони ҷаҳон ба пойтахти Фаронса меоянд, ки дар байни онҳо президенти ФР Владимир Путин, канслери Олмон Ангела Меркел, президенти Амрико Барак Обама ҳастанд. Президенти Фаронса Франсуа Олланд мизбони чорабинӣ ба шумор меравад. Дар хамоиш ҷамъан 40 ҳазор ҳайат, журналистон, мушоҳидон ва намояндагони созмонҳои ғайритиҷоратӣ иштирок менамоянд.
Ҳадафи расмии ҳамоиш мубориза бо тағйири иқлими замин аст. Тавре ки дабири кулли СММ Пан Ги Мун хабар дод, дар робита бо ин, 166 кишваре, ки қариб 90 фоизи партовҳои газии ҷаҳон ба онҳо рост меоянд, нақшаҳои миллии фаъолияти худро пешниҳод намудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






