Дар Тоҷикистон 3,5 ҳазор нафар ба инсулин ниёз доранд
Душанбе, 20.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар Буҷети давлатии соли 2016, ки аз ҷониби Парлумони кишвар қабул гардид, барои шахсоне, ки мубталои бемории диабети қанданд, 260 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Насим Олимов — муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар дар Парлумони мамлакат гуфт, ки алҳол дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ нафароне, ки мубталои бемории диабети қанданд, беш аз 34 ҳазор нафар буда, 3 ҳазору 500 нафари он бемороне мебошанд, ки бидуни инсулин зиндагӣ карда наметавонанд.
Насим Олимов афзуд, ки дар буҷети соли 2015 барои табобати беморони диабети қанд 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Мавсуф зикр кард, ки ба ҳисоби миёна агар барои як бемор дар як сол 18 шишача инсулин ё 1800 сомонӣ масраф гардад, ин нишондод барои 3,5 ҳазор бемори диабети қанд ё онҳое, ки вобастаи инсулинанд 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Инчунин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар зикр намуд, ки солҳои охир кумакҳои созмонҳои байналмилалии хайриявӣ дар ин самт коҳиш ёфтаанд.
Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат- Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки бояд рӯйхати нафароне, ки аз диабети қанд азоб мекашанд, хусусан онҳое, ки ба инсулин ниёз доранд -кӯдакон, нафарони мӯҳтоҷ ва онҳое, ки аз оилаҳои камбизоатанд, тартиб дода шуда, онҳо пеш аз ҳама бо инсулин таъмин гарданд.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон аз вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён даъват намуд, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар давлат бояд ба нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанданд, хусусан онҳое, ки ба инсулин ниёз доранд, ба таври ройгон кумак расонад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






