Дар вилояти Зобул 110 силоҳбадаст кушта шуд

Ноябрь 10, 2015 05:22

Душанбе, 10.11.15. (АМИТ «Ховар»). — То имрӯз  дар  ҷараёни  задухӯрдҳои  шадиди  мусаллаҳона байни  толибон  ва  ҷонибдорони  «Давлати  исломӣ» дар  вилояти Зобули Афғонистон  қариб  110  силоҳбадаст  кушта  шуданд.
Амалиёти  ҳарбӣ се  рӯз  пештар   дар  вулусволии  Арғандоб  оғоз  ёфта,  сипас  дар  ҳудуди  вулусволиҳои  Ҳакӣ, Афғон ва Дайчопан  паҳн  гардид.
Қобили  зикр  аст, ки дар  ин  ихтилофот  ҷонибдорони   роҳбари  ҳозираи  «Толибон» Ахтар Мансур  ва аз  ҷониби  ДИ  мухолифини  толибон бо  сарварии  мулло Мансур Додулло  иштирок  доранд. То имрӯз  бартарият  ҷониби ҷанговарони  Ахтар  Мансур  буда,  талафот  дар  сафҳои  онҳо  21  нафар  ва  аз  ҷониби  силоҳбадастони  ДИ ва  иттифоқчиёни онҳо  85  нафарро ташкил  медиҳад. 
Ҳамзамон дар  ҷараёни  задухӯрдҳо  аҳолии  осоишта  талафот  медиҳад.  Мувофиқи  маълумоти  санҷиданашудаи  намояндагони  мулло Додулло,   амалиёти  ҳарбӣ  боиси ҳалокати  5   зан  ва  8 кӯдак  гардид, хабар  медиҳад  Агентии  иттилоотии  «Пажвок».

Ноябрь 10, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст