Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 27. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) 26 ноябр дар толори «Душанбе-Плаза» семинари омўзишӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва директорони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбию техникии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нўъмон ҳамкории вазоратро бо Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар сатҳи хуб арзёбӣ намуд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар кори семинар Лоиҳаи «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон» барои мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, таъмини раванди таълим бо таҷҳизоту техникаи таълимӣ, аёнияту китобҳои дарсӣ, гузаронидани такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳадафи семинари мазкур татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ байни вазорат ва Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои солҳои минбаъда мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






