Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2015 05:46

Душанбе, 27. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар  доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) 26 ноябр дар толори «Душанбе-Плаза» семинари омўзишӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва директорони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбию техникии низоми  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нўъмон ҳамкории вазоратро бо Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар сатҳи хуб арзёбӣ намуд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  дар кори семинар Лоиҳаи «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон» барои мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, таъмини раванди таълим бо таҷҳизоту техникаи таълимӣ, аёнияту китобҳои дарсӣ, гузаронидани такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.              
Ҳадафи семинари мазкур татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ байни вазорат ва Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои солҳои  минбаъда  мебошад.

Ноябрь 27, 2015 05:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар