«Дин ва миллат», марги бармаҳали Аброри Зоҳир, «Эзори кӯтоҳу «омин»-и баланди салафиҳо», чаро муборизаи Тоҷикистон бар зидди терроризм нодида гирифта мешавад – ин ва дигар мақолаҳое, ки нашрияҳои даврӣ чоп кардаанд
Душанбе, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 232 аз 21-уми ноябри соли равон суханронии Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» пешкаши хонандагон намудааст. Абдуҷаббор Раҳмонзода таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба он ҷалб кардааст, ки: «Солҳои охир муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти буҳронӣ касб намуда, равандҳои тундгароӣ ва зиёдаравӣ дар фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои дохилӣ ва минтақавӣ ба мушоҳида мерасанд ва вобаста ба ин, миёни қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсҳои мухталиф доир мегарданд». Дар шумораи рӯзи сешанбе, аз 24-уми ноябри соли равон нашрияи «Ҷумҳурият» матни Паёми табрикии Президенти мамлакатро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чоп намуда, як зумра хабарҳоро аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва ҷаҳон нашр кардааст. Мақолаи Ҳ.Сангова бо номи «Никоҳи хешовандӣ, оқибатҳо нохушоянданд» дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбе, аз 25-уми ноябри соли равон хабари расмӣ оид ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида, мақолаи ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов бо номи «Аз мағзшӯии ҷавонон то бемиллатӣ» пешкаши хонандагони «Ҷумҳурият» шудааст. Дар шумораи имрӯзаи «Ҷумҳурият» иштироки Сарвари давлат дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ инъикос шуда, ҳамчунин хабарҳои расмӣ дар хусуси тағйироти кадрӣ дар вазорату идораҳо ва қабул шудани қонунҳо дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як силсила қонунҳои амалкунанда чоп шудааст.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 159 аз 24-уми ноябри соли равонро ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида, силсилаи мақолаҳои ҷолибу ватанхоҳонаро дар ин мавзӯъ чоп кардааст. Дар шумораи рӯзи панҷшанбеи «Садои мардум» аз 26-уми ноябри соли равон матни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои ҷумҳурӣ, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон баъд аз баррасиву муҳокимаҳо қабул гардидаанд, нашр шудааст.
«Чаро ҳар хатмкардаи мактаби олӣ мутахассис намешавад?»- барои ҷавоб ёфтан ба ин савол ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» пурсиш гузаронида, натиҷаҳои онро ба хонандагон пешкаш кардааст. Фотогузориш аз роҳпаймоии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Парчам дар ду саҳифаи ҳафтанома ҷойгир шудааст.
«Омӯзгор»- нашрияи Вазорати маориф ва илм аз ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб гузориши муфассал чоп карда, аз масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб бартараф кардани камбудиҳои ошкоршударо тақозо кардааст.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» аз марги бармаҳали адиб Аброри Зоҳир сӯгворӣ чоп кардааст. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон навиштааст, ки «Аброри Зоҳир дар асарҳои хеш дарду доғи ҳамзамонони мо, камбудиҳои ҷомеа, қадри инсон, зарари хурофотпарастӣ ва амсоли инҳоро тасвир кардааст. Дар филмноманависӣ низ дасти қавӣ дошт. Дар асоси навиштаҳои Аброри Зоҳир филмҳои бадеию телевизионии «Муҷассамаи ишқ», «Гумон», «Гирдоб», «Хокпайванд», «Подош», «Беназир», «Моҷарои хурд дар шаҳри калон», «Тинат», «Оташи ҷанг ва парчами нанг», «Асрори чашмаи заррин» ба навор гирифта шудаанд, ки аз тарафи тамошогарон хуш пазируфта шуданд».
«Эзори кӯтоҳу «омин»-и баланд онҳоро паси панҷара бурд», бо ҳамин зерсарлавҳа ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақола дар хусуси пайравони «Салафия»-ро чоп карда, идомаи андешаҳои нависанда Ӯрун Кӯхзодро бо номи «Магар тоҷик танбал аст?» пешкаши хонандагон намудааст. Мусоҳибаи рӯзноманигор бо Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, корманди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо номи «Абарқудратҳо ва терроризм дар ислом» масъалаҳои мураккаби сиёсати ҷаҳониро дар мисоли кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи Шарифи Давлатмуродро бо номи «Аз мост, ки бар мост!» чоп кардааст. Дар он муаллиф саволгузорӣ кардааст, ки чаро муборизаи Тоҷикистон бар зидди терроризм нодида гирифта мешавад? Мақолаҳои «Чаро «Сафедорак» фурӯхта мешавад?», «Нони дуюм афзун мешавад?» ва дигарон масъалаҳои иҷтимоиву хизматрасониро мавриди муҳокима қарор додаанд.
«Нигоҳ» нашрияи созмони ҷамъиятии «Индем» шеърҳои Исфандиёри Назарро таҳти сарлавҳаи «Туро дӯст дорам…» ба нашр расонидааст. Андешаҳои Фирӯзи Муҳаммад «Байъати эрониву русӣ, Путин ва Руҳонӣ то куҷо дар ҳамкорӣ муваффақ хоҳанд буд» ва мақолаи Бобоҷони Шафеъ «ДОИШ моли кист? Асроре, ки билохира фош шуд» дар шумораи инҳафтаинаи «Нигоҳ» чоп шудаанд.
Ҳафтаномаи «СССР» таҳти номи «Кадом идеологи мо бо мулло як ба як мебарояд?» мулоҳизаҳои узви Иттифоқи журналистон Холмурод Сафарзодаро пешкаши хонандагон кардааст.
Нашрияи Вазорати нақлиёти мамлакат «Нақлиёт» бо номи «Роҳи Ваҳдат-Ёвон кай анҷом меёбад?» аз сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба қитъаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа гузориш чоп кардааст.