Э.Сониев — дарвозабони нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2015 06:24

Душанбе, 10.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҳайати  дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  оид ба  футбол  пеш  аз  вохӯрии  интихобии  мусобиқоти  ҷаҳон — 2018  бо  дастаи  мунтахаби  Бангладеш  тағйирот  рух  дод. 
Дарвозабони  дастаи  «Истиқлол» — и  пойтахт Алишер  Тӯйчиевро, ки  ҳангоми тамрин ҷароҳат  бардошта буд,  дар  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Сониев   аз  дастаи  «Барқи тоҷик» иваз  намуд.
Ёдовар  мешавем, ки  бозии  даври  ҳафтуми  сабқати  дуюми  вохӯриҳои  интихобии  мусобиқоти  ҷаҳон — 2018  дар  гурӯҳи  «В»  байни   дастаҳои  мунтахаби  миллии  Тоҷикистону  Бангладеш  12  ноябр  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад.

 

Ноябрь 10, 2015 06:24

Хабарҳои дигари ин бахш