Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон дар самти паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим қадамҳои устувор гузоштааст”
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ “Ховар”).- “Тоҷикистон дар самти паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба ин падида дар баробари дигар ҷонибҳои манфиатдор, аллакай, қадамҳои устувор гузоштааст”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябр дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим.
Эмомалӣ Раҳмон илова намуд: “Бо вуҷуди ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ба роҳ мондани ҳамкории фарогир ва дастаҷамъона барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ба санади дахлдори мавриди эътирофи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ниёз дорад. Мо аз раванди таҳияи чунин санади фарогир ҷонибдорӣ менамоем”.
Сарвари давлат зикр намуд, ки ба назари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он санад бо дарназардошти омилҳои таъсиргузор, пеш аз ҳама, бояд низоми маҳдуд сохтани партови газҳои гулхонаӣ ва ташвиқи минбаъдаи коҳиш додани партовҳо нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамин ҳол хусусияти минтақавӣ касб кардани тадбирҳои амалӣ самараи бештар хоҳад дошт.
“Дар ин росто, ба роҳ мондани ҳамкории фарогир миёни кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, идомаи муколамаи ҷонибҳои манфиатдор, рушди энергияи таҷдидшаванда ва иҷрои чораҳои ҳамгироёна дар раванди тағйири иқлим омилҳои муассири дастрасӣ ба ҳадафҳои аслӣ шуморида мешаванд”, — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






