Ф. Олланд ва В. Путин амалиёт бар зидди «Давлати исломӣ»-ро дар мулоқоти Маскав муҳокима мекунанд
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Фаронса Франсуа Олланд аллакай бо Канслери Олмон Ангела Меркел гуфтушунид анҷом дод, акнун мехоҳад, ки дар мубориза бо терроризм аз ҷониби Путин дастгирӣ ёбад. Дар ин бора расонаҳои Фаронса ва Русия иттилоъ додаанд.
Президенти Фаронса Франсуа Олланд ва Президенти Русия Владимир Путин 26-уми ноябр дар Маскав мулоқот мекунанд.
Дар остонаи сафари корӣ ба Маскав Президенти Фаронса иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот дар пойтахти Русия ният дорад зарурати амалиёти муштаракро бар зидди ДИ ба миён гузорад. Ф. Олланд зикр намуд, ки Фаронса барои тезутунд нашудани муносиботи Русия ва Туркия пас аз ҳодисаи сарозер шудани ҳавопаймои бомбапартои Русия баромад мекунад. Ин изҳоротро Президенти Фаронса зимни мулоқот бо Канслери Олмон Ангела Меркел дар қасри Елисей баён дошт.
«Он чи ки рух дод, ҳодисаи бисёр ҷиддист. Мо зидди ташаннуҷи вазъем. Бояд ҳамаи имконот истифода шаванд, то ки ҳарчи зудтар миёни Русия ва Туркия гуфтушунид барқарор шавад», — гуфт Олланд.
Канслери Олмон Ангела Меркел муҳимияти сафари Президенти Фаронса Франсуа Олландро ба Русия ва ИМА дар робита ба зарурати мубориза бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва раванди умумии сиёсӣ таъкид кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






