Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз яке аз сермаҳсултарин адиби муосири тоҷик Аброр Зоҳир — директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе дунёро падруд гуфт.
Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти корияшро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қурғонтеппа» сар карда, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1989, дубора ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба кор омадааст. Сипас, дар кумитаи комсомоли вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» ба ҳайси сардори раёсат фаъолият дошт. Соли 1998 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000-2004 директори телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм» буд. Пасон, то соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва аз соли 2007 то то соли 2012 ба ҳайси директори Китобхонаи марказӣ-шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то рӯзи вафот директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе буд. Марҳум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи киноматографистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Аброр Зоҳир муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






