Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Ноябрь 23, 2015 04:54

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз яке аз сермаҳсултарин адиби муосири тоҷик Аброр Зоҳир — директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе  дунёро падруд гуфт.
Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти корияшро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қурғонтеппа» сар карда, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1989, дубора ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба кор омадааст. Сипас, дар кумитаи комсомоли вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» ба ҳайси сардори раёсат фаъолият дошт. Соли 1998 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000-2004 директори телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм» буд. Пасон, то соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва аз соли 2007 то то соли 2012 ба ҳайси директори Китобхонаи марказӣ-шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то рӯзи  вафот директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе буд. Марҳум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи киноматографистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Аброр Зоҳир муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мебошад.

 

Ноябрь 23, 2015 04:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст