Г. Бобосодиқова: «Иқдоми ҳукумат саривақтист»

Ноябрь 30, 2015 10:46

      Душанбе, 30.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон ҷавонон қабл аз издивоҷ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд ва он қонунӣ хоҳад шуд. Дар ин росто 27 ноябр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, барои баррасӣ ва қабул ба палатаи поёнии Парлумони  кишвар пешниҳод намуд. 
         Гулҷаҳон Бобосодиқова, собиқадори меҳнат ва яке аз бонувони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки роҳбарии созмони ҷамъиятии   «Занони маълумоти олидори Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ба уҳда дорад, ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қадами муассир ва саривақтӣ дар самти таҳкими оиладорӣ, сиҳатии ҷомеа ва миллат арзёбӣ кард.
        Мавсуф зикр кард, ки: «Ман ҳамчун зан-модар пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Парлумони кишвар ироа гардидааст,  ҷонибдорӣ менамоям, зеро таваллуди тифли солиму солеҳ дар ҳар як хонадон мояи ифтихору хушбахтӣ ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст». Гулҷаҳон Бобосодиқова афзуд, ки волидайн умеди онро доранд, ки фарзандонашон баъди барпо кардани оила соҳиби тифли  солиму тандуруст шаванд. Аз ин рӯ, дар оянда ба роҳ мондани раванди муоинаи ҳатмии тиббӣ қабл аз издивоҷи ҷавонон дар шароити феълӣ саривақтӣ ва муҳим мебошад, чунки вақте ҷавонон ноогоҳона бидуни ташхиси тиббӣ оила барпо менамоянд, шояд яке аз онҳо мубталои нашъамандӣ ё бемории сироятӣ бошад. Дар ин ҳолат на танҳо оилаҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ гашта, аз ҳам мепошанд, балки кӯдаконе, ки аз издивоҷи ҷавонони бемор ба дунё меоянд, мояи нигаронии на танҳо он хонадон, балки ҷомеа мешаванд. Дилхоҳ ҷомеа ниёзи бештар ба кӯдакони солиму тандуруст дорад, зеро тифли солим самараи оилаи солим ва оилаи солим пояи ҷомеа ва давлати солим  аст, афзуд дар фарҷом Гулҷаҳон Бобосодиқова.

 

Ноябрь 30, 2015 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд