Гузашти мототсиклронҳо: “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат”

Ноябрь 27, 2015 05:47

Душанбе, 27. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи кор бо занон  ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Соли оила тасмим гирифтааст, ки бо мақсади бурдани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ ва роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ дар доираи баргузории  маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза бар зидди  хушунат” дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии PDV      имрӯз,     27 ноябр  аз соати 13:00 то 13:30 бо ҷалби гурӯҳи Венда баргузории гузашти мотосиклронҳоро аз майдони сарҳадчиён то Маркази савдои “Садбарг”  бо овезаҳо таҳти ҳамроҳии намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ  баргузор намояд.  Ин иқдом инчунин  барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023”  ба роҳ монда шудааст. 

 

Ноябрь 27, 2015 05:47

Хабарҳои дигари ин бахш