Хатари ҳизбҳои динӣ

Ноябрь 4, 2015 04:05

Ёвари муфтии диёри Миср Абу Ҳасани Азҳарӣ 

Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — Миллати исломӣ шояд бемор гардад, вале асло намемирад. Ин миллат — миллати пирӯз ва омӯрзида аст. Миллате, ки пайрави накӯтарини Пайғамбарон — пайрави Муҳаммади Мустафо (дуруд бар ӯ бод) мебошад.

Вабое, ки ҷасади ин миллатро оҳиста-ҳиста хурда истодааст, асари захмаҳояш дар саҳнаи имрӯза намудор гардид. Шахсоне дар зоҳир мусалмон —Худованд аз ботину ниятҳои онҳо хабардораст — баъд аз он ки миллати муттаҳиду зурмандро парокандаву заиф гардонида, сарзамини онро валангор кард, мо аз онҳо умеди фардо надорем. Онҳо дастпарварди душманони исломанд, қонунҳоеро дар дини Ислом ҷорӣ намуданд, ки Худовандро аз он хуш намеояд. Бо даъвои ҳамфикру ҳаммазҳаб набудан мардумро ё кофир ва ё фосиқ номгузорӣ намуда, хуну моли мардумро барои хеш ҳалол пиндориданд.

Аҷиб он аст, ки онҳо мисли каламуш аз таги замин мебароянд. Аз кишварҳое, ки дар он садои ҳақ аз садои ботил пасттар аст. Онҳо худ аҳли ботиланд ва фикрҳои пасту ботили худро мунташир месозанд. Яке аз донишмандони донишгоҳи Азҳар гуфт: “Қадами ин мардум наҳсу бебаракат аст. Зеро онҳо бо дӯстони накӯкори Худованд душманӣ доранд. Онҳо худ сохтаи душмонони Ислом буда, барои пора-пора намудани миллати Исломӣ ва  қатли донишмандони он истифода мешаванд. Худованд онҳоро ба азоби сахти худ гирифтор мекунад”.

Ин масъала дар гурӯҳҳои салафияи тундгаро бо сардории Усома бин Лодин, Ихвонулмуслимин, ҳизби наҳзат ва Толибон равшан гашта, баъд аз пора гаштан, имрӯзҳо худ ба худ меҷанганд.

Дар як нишастам бо устоди бузург аллома Абдулҳодӣ ал-Қалубӣ шогирди устод Ҳассофӣ – Худованд раҳматашон кунад-, ки дар 108 солагӣ дунёро падруд гуфт, дар бораи асосгузори Ихвонул муслимин чунин гуфт: “Ман аз Ҳасан Бано хоҳиш намудам, то гурӯҳи Ихвонул-муслиминро барҳам занад. Аммо ӯ ин хоҳишамро рад кард. Пас ба ӯ гуфтам: Ин гурӯҳ дер ҳам бошад пароканда мегардад”. Бале донишмандон бо фиросат (илми яқин)-и худ пасомади ин корҳоро хуб дарк мекарданд. Онҳо парокандашавии ин гурӯҳҳоро эҳсос мекарданд. Ҳар вақт Ихвонулмуслимин паси номҳои гуногун дар кишварҳои дигар ҷамоату гурӯҳҳо месохтанд, ба зудӣ он ҷамоатҳо пароканда мегардиданд. Намунаи онҳо Ҳизби Ҳуррия ва Адолат дар Миср, Ҷамоати Ихмонулмуслимин дар Тунис ва Либия, Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мебошад.

Ҳамчунин Тоҷикистоне, ки бо ёрону дӯстони Худованд ҳифз гардидааст, аз пасомадҳои нохуши ин гурӯҳ, ки худро “Ҳизби Наҳзат” номгузорӣ намуда буданд, эмин ёфт. Ин гурӯҳ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ, андешаҳои донишмандони дигарро қабул надоштанд ва ҳамчунин барои хеш муфтӣ таъйин намуда буданд.  Аз навиштаҷот ва китобҳои онҳо бармеомад, ки онҳо аз ақида ва асосҳои Ихвонулмуслимин пуштибонӣ мекунанд.

Гурӯҳи Ихвонул-муслимин дар Миср аз байн рафт, аммо Ислом боқӣ монд. Ислом ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт. Ҳамчунон ки ҳизби Наҳзат дар Тоҷикистон пора-пора гашт ва Ислом боқӣ монд. Зеро онҳо сохтаи душманони Худо мебошанд. Ҳамчунон ман шукр мекунам Худовандро, ки гурӯҳи “Ваҳҳобия”-и салафӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнуъ эълон гашт.

Худованд онҳоро баъд аз хунрезиҳое, ки дар он 14 нафар аз афроди низомӣ ба ҳалокат расид, дигарбора комёб нахоҳад кард. Фарзандони он нафарони низомӣ ятим шуданд, ҳамсаронашон бешавҳар монданд, ашки гарони модаронашон рехт.  Суоле ба миён меояд: Оё ин аст Ислом? Ин корро Пайғамбари Худо бо кофирҳои Макка раво надид, пас чигуна болои мусалмонҳое, ки шаҳодати тавҳидро мегӯянд, ин амали зиштро раво донистанд. Хотиррасон мекунам, ки онҳо гӯё бар зидди давлати кофир ҳуҷум намуданд.

Пас аз он ки бар зидди кишвар ҷангиданд, мамлакатро хароб карданд ва аз Ислом суйистифода намуданд, Худованд онҳоро хору залил намуд. Маблағҳои пулию молии воридгашта ва аслиҳаи барзиёди онҳо аз кадом сарчашма барояшон дастрас мегашт?!!!   Аз ин рӯ воҷиби Ҳукумат аст, то барои пешгирии чунин ҳизбу гурӯҳҳо фаъол бошад. 

Сарчашма

Ноябрь 4, 2015 04:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд