Хуҷанд: 17 корманди милитсия бо ифтихорнома сарфароз гардиданд
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иди касбии худ- Рӯзи милитсияи тоҷикро бо танатана ҷашн гирифтанд.
Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни табрики кормандони милитсия аз садоқату вафодории касбии ҳомиёни ватан сухан карда, гуфт: «Дар шаҳри Хуҷанд барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони қонун фаъолияти пурсамари мақомоти корҳои дохилаи шаҳр аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум фароҳам оварда шудаанд. Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.
Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок, ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилоти экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳо дар суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.
Соли равон кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиёти махсус оид ба дастгирнамоии ҷинояткорон-оилаи Раҳматовҳо дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок карда, ҷинояти чандинсолаи вазнинро ошкор ва барои ҷазои сазовор гирифтани ҷинояткорон мусоидат намуданд».
Раиси шаҳри Хуҷанд 17 корманди милитсияро, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум хизмати шоиста намудаанд, бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.
Ҳамчунин барои аз дарёи Сир наҷот додани шаҳрванде, ки қасди худкушӣ дошт, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба корманди милитсия Фирӯз Раҳматов туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






