Ҷилои Парчами давлатӣ дар Қурғонтеппа
Қурғонтеппа, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабиниҳои идона бо иштироки ҷавонон ва намояндагони идораву корхонаҳои вилоятиву шаҳрӣ баргузор гардиданд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон Рўзи Парчами миллиро ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил менамоянд.
Зикр гардид, ки сулҳу оромӣ бо саъю кӯшиши беандозаи Рохбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва ҳар яки мо бояд имрӯз барои ватани азизамон хизмати софодилона кунем.
Дар чорабинии идона аҳли ҳунари вилоят барномаи ҳунарӣ пешниҳод карданд.
Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегарданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






