Имсол дар Исфара никоҳи хешу таборӣ ба қайд гирифта нашуд

Ноябрь 20, 2015 11:11

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).-Аз 2800 ақди никоҳи ба қайдгирифташуда дар давоми сол дар Исфара ягонтои он никоҳи хешутаборӣ нестанд.
Дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Исфара иброз доштанд, ки бурдани корҳои дурусти тарғиботиву ташвиқотӣ аз тарафи ҳамаи қишрҳои ҷомеа, фаъолнокӣ дар ин самт ва бевосита мулоқот аз ҷониби мутахассисону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боиси ин гуна натиҷа шудааст.

Ноябрь 20, 2015 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш