Исфара: Тамаъҷӯии табиб аз бемор

Ноябрь 18, 2015 03:30

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-сола, табиби дандонпизишки маркази шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар тамаъҷӯӣ дастгир  шуд. Номбурда, 17 ноябри соли равон бо роҳи тамаъҷӯӣ аз бемор, сокини 26-солаи ҳамин шаҳр барои ҷарроҳии илтиҳоби устуғони ҷоғи поён 16000 рубли Федератсияи Россия талаб кардааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ноябрь 18, 2015 03:30

Хабарҳои дигари ин бахш