Иштироки 5 корхонаи коркарди мева ва сабзавоти тоҷик дар «ПродЭкспо — 2015»
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшокӣ, мавсум ба «ПродЭкспо — 2015» дар шаҳри Мински Беларус иштирок меномоянд. Ин намоишгоҳ аз 10 то 13 ноябр доир мегардад.
Дар «ПродЭкспо — 2015» ҳудуди дуввуним ҳазор корхонаву ширкати беш аз 60 кишвари Аврупову Осиё, Африқову Амрико ва Австралия ширкат меварзанд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон ва ҷойгир кардани лавҳаи махсуси кишвар дар ин намоишгоҳ бо кумаки молӣ ва фаннии «Барномаи рушди савдои СММ дар ҶТ» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати кишвар сурат мегирад.
Тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар намоишгоҳ ҶДММ «Меваи тиллоӣ»-и шаҳри Исфара, ҶДММ «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодом, ҶСК «Абрикос»-и ноҳияи Ашт ва Кооперативи истеҳсолии «Искич»-и Ҳисор ширкат меварзанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






