Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО
Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — 3 ноябри соли 2015 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, инчунин бо иштироки вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Намояндаи доимии кишвар дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ дар ифтитоҳи ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сухан гуфт. Дар баромади худ Ш.Орумбекзода пеш аз ҳама пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” таъкид карда, аз иштирокчиёни конфронс дархост намуд, ки ташаббуси Роҳбари давлати Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Дар баробари ин, вазири фарҳанг оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд. Дар баромад инчунин масъалаи ҳифзи ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии кишвар зикр шуд.
Ҳамзамон таъкидҳои Президенти кишвар вобаста ба авзои ҷаҳон дар масири мубориза бар зидди терроризм, экстремизми динӣ ва нобуд сохтани ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳозирин расонида шуд ва даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ бояд иқдом гирифт.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин бо масъулини Департаменти фарҳанги ЮНЕСКО вохӯрӣ намуда, масъалаи дастгирии пешниҳодҳои Тоҷикистонро доир ба ворид намудани мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ баррасӣ кард. Ҳамчунин ҳайати расмии кишвар бо раиси тозаинтихоби ҷаласаи 38-уми Конфронси генералӣ Стенли Мутумба Симатаа вохӯрда, ӯро бо 70-солагии таъсиси ЮНЕСКО табрик намуд.
Дар чаҳорчӯби иштирок дар ҷаласаи конфронс ҳайати Тоҷикистон як зумра мулоқотҳоро бо намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО доир намуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






