Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ноябрь 12, 2015 10:45

12.11.2015, Покистон     

Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Сафари давлатии инҷониб ба Ҷумҳурии Исломии Покистон муваффақона идома дорад. Чанде қабл як силсила санадҳои нави дуҷониба ба имзо расиданд, ки асоси ҳуқуқиву қарордодии ҳамкориҳои ду ҷонибро мукаммалу васеъ намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф суҳбати хосса доштем ва музокироти васеи ҳайатҳоро баргузор намудем.

Зимни суҳбату музокирот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мо ҳамчунин перомуни масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар кардем.

Тоҷикистону Покистон аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, мавҷудияти имконоти фарохро барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, энергетика, нақлиёт, дифоъ ва амният бори дигар таъкид намуданд.

Мо раванди татбиқи амалии мувофиқаҳои қаблиро, ки зимни сафарҳои расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон солҳои 2014 ва 2015 дар шаҳри Душанбе ҳосил гардида буданд,  мусбат арзёбӣ кардем.

Зарурати тавсеаи робитаҳои ҳавоӣ, заминӣ ва василаву иртибототи дигари нақлиётиву коммуникатсионӣ барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ, робитаҳои байни мардумон ва рушди сайёҳӣ бори дигар таъкид ёфт. Тасмим гирифта шуд, ки Комиссияи муштараки сатҳи вазирон тавсияҳои мушаххасро дар ин бора таҳия намояд. Пешниҳод гардид, ки ҷаласаи панҷуми Комиссия дар ояндаи наздик дар шаҳри Исломобод баргузор гардад.

Мо аз баргузории намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Покистон, ки моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар баробари Ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар бомуваффақият баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намудем.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шуд, таъкид карданд. Комиссия вазифадор карда шудааст, ки ҷаласаҳои худро дар як сол ду маротиба баргузор ва дар ҳошияи онҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои энергетика ва бунёди зерсохтор баррасӣ намояд.

Мо тавсеаи имконоти транзитӣ ва ҳамлу нақлро, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ зарур шуморидем.

Дар ин замина ҷонибҳо тазаккур доданд, ки ҳарчи зудтар имзо намудани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба густариши бесобиқаи робитаҳои бозаргонӣ ва иқтисодии се кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард ва ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ такони бештар хоҳад бахшид.

Мо бори дигар зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистонро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақаву ҷаҳон таъйид намудем.

Ҳангоми музокирот мавзӯи ҳарчи зудтар дар қаламрави Афғонистони бародар пойдор намудани амну амонӣ аз мавзӯъҳои умдаи мулоқотҳои мо буд.

Зикр гардид, ки мусоидати ду кишвари мо ба истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Покистон ва ба нафъи тамоми минтақа мебошад, зеро имконияти хуберо барои татбиқи ҳар чӣ бештари барномаҳои минтақавӣ фароҳам хоҳад овард.

Ҳарду ҷониб ҳамкории хуби ду давлатро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд.

Мо бори дигар Ҷумҳурии Исломии Покистонро бо оғози раванди шомилшавӣ ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтем ва мутмаинем, ки он барои ширкати ҳарчи бештар ва фаъолтари ин кишвари ба мо бародар дар татбиқи барномаҳои минтақавӣ шароити бештар фароҳам хоҳад овард.

Мо умедворем, ки сафари кунунии давлатии мо ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар амри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикӣ ва робитаҳои анъанавии мардумони ду кишвар нақши созанда хоҳад дошт. 

Мо ба Сарвазири Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф  барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки зимни ин сафар нисбат ба ҳайати Тоҷикистон зоҳир гардид, изҳори сипос намудем. Ман аз Ҷаноби Олӣ даъват намудам, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёранд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Ноябрь 12, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид