Конститутсия бахтномаи миллат аст

Ноябрь 5, 2015 12:09

Душанбе, 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябри соли равон  бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки аъзои фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг»-и вилояти Хатлон таҳти унвони «Конститутсия бахтномаи миллат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он ҷавонону донишҷӯён андешаҳои худро бобати аҳамияти таърихии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумӣ ва нақши он дар пешрафти ҷомеа баён доштанд.
Зикр гардид, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро яке аз нишонаҳои  асосии  давлати  демократӣ меҳисобад. Нақши Конститутсия дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа муҳим аст.  
-Мо,  аъзои фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг»-и вилояти Хатлон ифтихор аз он дорем, ки бо қабули Сарқонуни Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем,-зикр намуданд иштирокчиёни мизи мудаввар.

Ноябрь 5, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ