Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ- рамзҳои асосии давлатанд
Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии ҶТ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии идона бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов гуфт, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд.
Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамроҳ Атаева баргузории чорабинии мазкурро нишонаи баланди ватандорӣ ва эҳсоси худшиносии ҷомеаи меҳнатии донишкада номида, зикр кард, ки ба туфайли меҳнати созанда ва идроки сиёсии баланди шаҳрвандони вилоят имрӯз сафи ҳизбиён ба 70 ҳазор нафар расида, алҳол раванди қабул ба узвият дар аксари корхонаву ташкилот хуб ҷараён дорад. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ дар ҳар чорабинии ҳизбӣ фаъолнокии бештар зоҳир намуда, мекӯшанд ҳадафҳои барномавии ҳизбро ҳамвора бо барномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ созанд.
Дар ҷамъомад ба 50 устоди лаёқатманду фаъоли донишкада билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






