Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотири ормонҳои миллӣ омодаи ҳамкорӣ бо милитсия аст

Ноябрь 10, 2015 09:51

Душанбе 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода кормандони Вазорати корҳои дохилиро бо иди касбиашон- Рӯзи милитсия табрик намудааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст: 
-Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳайати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, ки аксар ҷавонон мебошанд, шодбош мегӯям ва дар кори пурмасъулияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ барояшон барор мехоҳам.
Саҳми кормандони сохторҳои қудратӣ, хусусан милитсия дар рушди кишвар бениҳоят калон аст, чун ҳар гуна пешрафту шукуфоӣ дар натиҷаи суботу оромии давлат ба даст меояд. Ҳифзи суботу оромии ҷомеа дар дасти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Чанде пеш Тоҷикистон ба феҳрасти 10 кишвари дунё, ки сайри  шабона дар он хавфнок нест, шомил шуд. Ин боиси ифтихори кормандони милитсия аст. Ин феҳрастро Маркази таҳлилии “Gallup” дар пайи як назарпурсӣ тартиб додааст. Дар назарсанҷӣ, ки барои муайян кардани ҳолати бехатарии сайругашти шабона анҷом шудааст, 142 ҳазор нафар аз 141 кишвар пурсида шудаанд. 83 дарсади пурсидашудаҳо аз Тоҷикистон сайри шабонаро бехатар арзёбӣ кардаанд. 
Чун кормандони мақомоти корҳои дохилӣ масъули ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳастанд, ҳангоми мубориза бо гурӯҳу афроди силоҳбадаст, мутаассифона, кори онҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад. Тавре ки  ҳамагон медонем, чанде пеш дар мубориза бо гурӯҳи силоҳбадаст зери роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода 12 корманди милитсия, ки асосан ҷавонон буданд, ҷон бохтанд. Ин ҷоннисорӣ баҳри осудагии мардуми кишвар буд, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад.    
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи милитсия 10 ноябри соли гузашта таъкид кард, ки: “Мардум дар симои милитсия намояндаи давлатро мебинад ва бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамояд. Барои ин, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд”. Бовар дорем, ки кормандони милитсия ин таъкиди Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор додаанд, зеро бовари мардум ба милиса хеле муҳим аст.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша бо мақомоти корҳои омодаи ҳамкорӣ аст. Натиҷаи ҳамин ҳамкорист, ки аз ҳисоби ҷавонони фаъол барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ гурӯҳи “Пешоҳанг” таъсис ёфт. Ҳамчунин ихтиёриёни ҷавон доим дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ қарор доранд. Аз ҷумла, ҳар сол 150 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ бо кор таъмин мегарданд. Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили иду ҷашнҳо 1500  донишҷӯ дар баробари кормандони милистия барои ҳифзи тартибот дар хизматанд. Даҳҳо варзишгарони машҳур узви клуби “Динамо”-и вазорат мебошанд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тайёр аст барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, нашъаҷаллобу дигар амалҳои зишт бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ кунад.
Бори дигар кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон табрик гуфта, орзуманди саломатию сарбаландӣ ва комгории онҳо ҳастам. 
Ҳамаи онҳое, ки дар мубориза бо ҷинояткорон ҷон бохтаанд, ҷояшон ҷаннат ва хонаи охираташон обод бод! 

Ноябрь 10, 2015 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад