М. Муинӣ: «Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ беш аз 460 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд»

Ноябрь 23, 2015 09:39

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ “Ховар”). -Бо мақсади тарғибу ташвиқи Парчами давлатӣ, баланд бардоштани мақоми он ва бедор кардани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва аҳли илму адаб гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис  ёфта, дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳое, ки дар Госпитали марказии 514-и ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Литсейи ҳарбӣ, Раёсати қӯшунҳои зудамал ва Баталйони сулҳҷӯёна гузаронида шуданд, К. Олимов — ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Н. Қосим — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Х. Саидов — мудири кафедраи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва М. Муинӣ — муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати гурӯҳи таблиғотиро ташкил медоданд, иштирок карданд.   
Муовини якуми раиси кумита Муинӣ Мавсума Муинзода зикр кард, ки парчам рамзи сулҳу ваҳдат буда, моро лозим аст ба қадри ин рамзи давлатӣ, яъне парчами миллӣ расем ва баҳри пойдориву парафшонии он талош варзем, чунки он шиносномаи миллат, муаррифгари давлат ва ифодагари халқи бузурги соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик буда, кишварҳои дигар дар симои он миллати тоҷикро мешиносанд ва эътироф менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки дар соли ҷорӣ бо шарофати варзишгарони тоҷик зимни иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ беш аз 460 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозони қисмҳои низомӣ маводи беҳдоштӣ  туҳфа шуданд. 

 

Ноябрь 23, 2015 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид