М.Юсупов: «Рафъи камбизоатӣ бидуни рушди саноат имконнопазир аст»

Ноябрь 11, 2015 06:48

Душанбе, 11.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Мақсад  аз  фаъолияти Барномаи СПЕКА  асосан иборат  аз  рушди  ҳамкории минтақавии   иқтисодии  кишварҳои Осиёи  Марказӣ  аст, ки он бо  василаи   дастгирии  кишварҳои  мададгор ва  созмонҳои   байналмилалӣ дар  заминаи принсипи ҳамкорӣ  дар  амал  татбиқ  карда  мешавад. 
Ҳар  кадоме аз кишварҳои  аъзои СПЕКА бо  дарназардошти  равандҳои  ҳамкории  муфид ва лоиҳаҳои  дахлдор  дар  доираи  барномаи  мазкур  онро  дар  амал татбиқ намуда,  гурӯҳҳои  корӣ  таъсис  дода, лоиҳаҳои  муайянро танзиму   идора мекунад.
Намояндаи  СММ  оид ба  рушди  саноат,  роҳбари  созмони   UNIDO  дар  Қирғизистон  Марат  Юсупов    зимни  мусоҳиба бо  хабарнигори  АМИТ «Ховар» изҳор  дошт, ки мақсади  асосии фаъолияти кишварҳои  зикршуда иборат  аз  рушди  устувори  саноат  аст. 
«Имсол Маҷмааи  асоосии СММ  ҳуҷҷатеро таҳти  унвони Мароми  нави  устувори  рақами  9 қабул  кард, ки он  ба саноатикунонии  сохторҳои  маҳаллӣ ва  навоварӣ  дахл  мекунад. Ин  барои  ҳамаи  давлатҳои  минтақаи  СПЕКА  басо  муҳим  аст,  зеро  рафъи камбизоатӣ  бидуни  рушди  саноат имконнопазир  аст. Басо шодам, ки  UNIDO   дар  Тоҷикистон  фаъолият  дошта ,  мо   лоиҳаи бахши  маҳсулоти  кишоварзиро   дар  амал  татбиқ  менамоем. UNIDO метавонад, ки  ба  таҷдиди сохторҳои  маҳаллӣ,  стандартизатсия,  метрология ва   навсозии  озмоишгоҳҳое, ки ба сертификатсияи  маҳсулот машғуланд, ёрӣ  расонад. Мо  дар  ин  самт  таҷриба  андӯхтаем. Ҳамкории UNIDO ва  Тоҷикистон  ояндаи  умедбахш  дорад. UNIDO ҳамоиши  СПЕКА-ро чорабинии  муҳиме  барои  рушду  ҳамкории  минбаъда  мешморад. Мо  ба  Ҳукумати  Тоҷикистон  барои ташкили  хуби  ин  ҳамоиш изҳори  сипос   мекунем», —  афзуд  Марат  Юсупов.
Ёдовар  мешавем, ки  10  ноябр  дар  шаҳри  Душанбе  Ҳамоиши  иқтисодии  СПЕКА — 2105 ва  иҷлосияи  10 —  уми  Шӯрои   роҳбарикунандаи он оғоз  ёфт. Иштирокдорони  иҷлосия  баъди  хатми  он эъломияи  махсус  қабул  карданианд. 

 

Ноябрь 11, 2015 06:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст