Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2015 06:00

Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015 шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар Тоҷикистони 93 дар садаш кӯҳистон наздики 1250 рӯду дарё ба дарозии умумии 30 ҳазор км мавҷуд аст, ки аксари онҳо дар баробари судбахшӣ ҳамчунин хатароваранд. Ҳар сол дар фаслҳои баҳору тобистон бар асари боришот ва обшавии барфу пиряхҳо селу обхезӣ ва ярч хисороти зиёд меоваранд. Барои пешгирӣ аз зарари обхезӣ дар соҳили рӯду дарёҳо 1386 км бандҳои муҳофизатӣ ва 710 адад селпарто бунёд ёфтааст, ки ба таври зарурӣ нигоҳ доштани онҳо хароҷоти зиёд талаб мекунад, зеро ҳар сол онҳо бар асари офатҳои шадиди табиӣ осеб мебинанд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел меояд.

Тибқи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”, ки ҷудо намудани 275 миллиону 700  ҳазор сомониро дар назар дорад, дар солҳои 2011-2014 ва 6 моҳи соли 2015 бо харҷи беш аз 210 миллион сомонӣ ба масофаи умумии қариб 82,5 км бандҳои муҳофизатӣ дар соҳили рӯду дарёҳо сохта ва барқарор карда шуда, корҳои зиёди дигар низ ба сомон расидаанд.   

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодасозии лоиҳаю  нақшаҳои асоснок барои пешгирии оқибатҳои селу обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи маҷлис Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тасдиқ гардид.

Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 дар ин давра дар мамлакат бояд 302 ҳазору 300 ҷойи нави корӣ таъсис ёбад ва барқарор гардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”,  “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дар ҳолати қабул шудани он минбаъд арусу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир  барои солҳои 2016-2026 ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ шуданд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва муайян намудани вазифаҳои асосӣ барои соли 2016, ба поён расондани киштукори тирамоҳӣ, захирасозии тухмиҳои хушсифат барои киштукори баҳорӣ, афзун намудани кишти сабзавоти барвақтӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок кардани корҳо ва бартарафсозии камбудию нуқсонҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои муосир ба мисли терроризму ифротгароӣ ва хурофоту таассуби динӣ, аз ҷумла амалҳои террористии моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон рухдода таъкид гардид, ки ҳар як узви Ҳукумати мамлакат, ҳамаи ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пайваста бояд ҳушёру зирак бошанд ва дар таъмини амну субот ва ҳаёти осоиштаи мардум фаъолона саҳмгузорӣ намоянд.

Ноябрь 27, 2015 06:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд