Мактаби Зелолак дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, воқеъ дар деҳаи Зелолаки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг аз ҷониби корхонаи заршӯии «Помир» бо сарфи беш аз 1 миллион сомонӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассиса дорои 10 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мебошад.
«Дар бунёди ин муассисаи таълимӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва мардуми деҳаи Зелолак низ саҳмгузоранд. Чанде пеш марди саховатпеша Дилшод Самадов, роҳбари корхонаи заршӯии «Помир» синфхонаи компютерии мактаби тозабунёдро бо компютер таъмин намуд»,-иттилоъ дод директори мактаби мазкур Исмон Ҳалимов.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






