Маросими савгандёдкунӣ дар қисмҳои ҳарбии мамлакат
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаҳрвандоне, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар равона мешаванд, баъди шомил шудан ба ҷузъу томҳои мамлакат дар давоми як моҳ ва бештар аз он дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар курсҳо сарбозон асосан бо тартибу низоми хизмати ҳарбӣ, фаъолияти қисмҳои низомӣ, оинномаҳои ҳарбӣ, тартиби дурусти пӯшидани либоси низомӣ, муроҷиат намудан ба афсарон шинос мешаванд. Бояд гуфт, ки чунин курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоии ҳарбӣ аллакай дар бисёре аз қисмҳои ҳарбии мамлакат анҷом ёфтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки барои таълиму тарбияи наваскарон ба курсҳои низомии мазкур афсарони соҳибтаҷриба, ки на камтар аз панҷ сол таҷрибаи корӣ доранд, ҷалб мешаванд, то ҳар як сарбоз ё худ наваскар аз рӯзҳои нахустини шомил гаштан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа ва роҳбарияти қисми низомиро эҳсос намуда, софдилонаю содиқона ба модар-ватан хизмат намояд.
Ин гуна маросими савгандёдкунӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ то нимаи аввали моҳи декабри соли 2015 идома меёбанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






