Масоили иқтисодӣ- мавзӯи асосии Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии кишварҳои осиёӣ

Ноябрь 2, 2015 09:42

Душанбе, 02.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Роҳи абрешим: Камарбанди ягона — роҳи ягона»-таҳти чунин унвон ва дар доираи Форуми ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи марказӣ аз 15 то 18 октябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин — шаҳри Пекин Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии кишварҳои қораи Осиё баргузор гардид. 
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар асоси мактуб ва дархости Департаменти байналмиллалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов ва мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ҳизб Аҳмадрафиқ Ҳомидов иштирок намуданд. 
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, сарварон ва вакилони парламентҳои беш аз 50 кишвари Осиё  иштирок намуда,  масъалаҳоро вобаста ба лоиҳаи бузурги «Роҳи абрешим» муҳокима карданд.
Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи созишномаҳои ба тасвиб расида ҳамкории хеле зиёде дорад. 
Дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Роҳи абрешим: камарбанди ягона — роҳи ягона» иштирокдорон дар атрофи мавзӯи муҳокимашаванда маърӯзаҳо намуда, ҳамгироӣ ва ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ ва парламентҳои мамлакатҳои дунёро муҷиби рушди кишварҳо ва ба сатҳу сифати баланди зиндагӣ ноил гардидани онҳо арзёбӣ намуданд.
Аксари ширкаткунандагон лоиҳаи “Камарбанди ягона — роҳи ягона”-ро, ки  бахши муҳими Форуми ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи марказӣ буд, ҷонибдорӣ намуданд, вале бо қатъият таъкид намуданд, ки дар татбиқ ва амалигардонии он ҳатман манфиатҳои ҳама кишварҳо бояд ба инобат гирифта шаванд.
Зимнан таъкид бояд намуд, ки масъалаҳои иқтисодӣ масъалаи меҳварии ин чорабинии бонуфузи байналмиллалӣ буданд. Аз ҷониби тамоми ширкаткунандагон изҳор гардид, ки  иқтисод асоси равнақи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳадафи ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ- пеш аз ҳама, истифодаи захираву имкониятҳо ва роҳу воситаҳо барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон ва коҳиш додани камбизоатӣ миёни аҳолӣ  аст. 
Ҳадафи лоиҳаи “Роҳи абрешим: Камарбанди ягона — роҳи ягона” он аст, ки рафъи ин бӯҳронҳо маҳз тавассути ҳамкории мутақобила, хусусан амалӣ намудани чунин лоиҳаҳои бузург муяссар мешавад.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бояд барномаҳои фаъоли бокортаъминкунӣ таҳия ва амалӣ гардонида шаванд. Ҳамкории иқтисодӣ, ки дар маҷмӯъ ба манфиати ҳамаи кишварҳои ҳамкор аст, барои таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. 
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов дар маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодӣ: заминаҳо барои рушд” аз аҳамияти таърихии “Роҳи абрешим”, ки он дар тӯли таърих дар пайванду васли тамаддунҳо, дар густариши тамаддунҳову фарҳангҳо ва тиҷорату мубодилаи мол миёни кишварҳо нақши бузургу боризе доштааст, ёдовар гардид. Ӯ зикр намуд, ки: “ Ҳамгироии иқтимоию иқтисодӣ, ки барои он заминаи қонунгузорӣ шарти асосист, метавонад ба омили қавии рушди устувори иҷтимоӣ мубаддал  гашта, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани некӯаҳволии мардуми сайёра мусоидат намояд». 
Роҳбарони гурӯҳи намояндагони кишварҳои иштирокдори Форуми ҳизбҳои сиёсии Осиёиро Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин — Си Ҷинпин  ба ҳузур пазируфта, суҳбатҳои самимиву судманд анҷом доданд. 
Мавзӯи суҳбати роҳбари кишвари мизбон фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳони имрӯза буд. Мавсуф зимни суханронии худ ба он ишора намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти мавҷударо бартараф созад, гарчанде кишвари аз лиҳози масоҳат ва иқтидори иқтисодӣ қудратманд ҳам бошад. Кишварҳои қудратманд бояд ҳамеша манфиатҳои кишварҳои хурд ва рӯ ба инкишофро ба инобат гиранд. 
Си Ҷинпин  вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Роҳи абрешим: камарбанди ягона — роҳи ягона» андешаронӣ намуда, таъкид намуд, ки аз ояндаи он умед дорем, ки барои пешрафти иқтисодиёт, муколамаи тамаддунҳо ва суботи сиёсӣ дар ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд. Мавсуф зикр намуд, ки лоиҳаи «Роҳи абрешим: камарбанди ягона — роҳи ягона» лоиҳаи бузурги  ҷаҳонӣ аст, ки ба  манфиати ҳама кишварҳо нигаронида шуда, дар меҳвари асосии он сарфи назар аз миллату мазҳаб ва нажод — «Инсон» қарор гирифтааст.  
Дар интиҳо ҳуҷҷати хотимавӣ — «Ташаббусҳои Пекин» аз тарафи иштирокдорони Форум қабул гардид. Дар асоси он бояд намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ асос ва ҳадафҳои Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои осиёиро вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Роҳи абрешим: камарбанди ягона — роҳи ягона» ба инобат гирифта, барои татбиқи амалии он дар кишварҳояшон талош намоянд. Бешак ҳадафҳои он паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шароити баланди зиндагӣ, фароҳам овардани шароити хуби иҷтимоӣ ва рушди босубот мебошад, ки барои ҳамаи кишварҳо аз манфиат холӣ нахоҳанд буд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, иқдом ва тасмимгириҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ бояд сурат бигирад.

Ноябрь 2, 2015 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад