«Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-конфронси илмӣ

Ноябрь 26, 2015 03:40

Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -27 ноябри соли равон дар  Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Шӯрои адлия, КДАМ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳо, сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, зергурӯҳ оид ба ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар «Барномаи ислоҳоти милитсия», дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатӣ доир мегардад.
Ҳамчунин дар конфронси мазкур иштироки шарикони иҷтимоӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар назар дошта шудааст.

Ноябрь 26, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш