МБГ-и Душанбе-2 ба кор оғоз кард

Ноябрь 11, 2015 07:11

Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз  10 ноябри соли 2015 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ба кор оғоз кард. Дар ҳафтаҳои нахустини фаъолият ин марказ рўзе то 80 МВТ неруи барқ ва  то 60 Гкал гармӣ истеҳсол менамояд. Маҳсулнокии он рўз  то рўз афзоиш меёбад. Барои дар фасли зимистон фаъолият намудани ин иншоот 252 ҳазор тонна ангишт захира шудааст, ки ҳамаи ин миқдор аз конҳои ватанӣ кашонда шудааст.
Ба кор оғоз намудани МБГ-2  таъминоти пойтахтро, ки дар зимистон талаботи он ба барқ бамаротиб меафзояд, беҳтар намуда, инчунин  зиёда аз 242 иншоот ва хонаҳои истиқоматиро бо гармӣ таъмин хоҳад намуд. 
Ёдовар мешавем, ки  ин иншоот дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба хотири ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъминоти беҳтару бештари аҳолӣ ва  корхонаҳои саноати шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ сохта мешавад.
Бино ба иттилои  сардори   Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»  Нозир  Ёдгорӣ, 10 январи соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 50 мегаватт.соат неруи барқ ба истифода  дода шуд. Агрегати дуюми навбати аввал, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт.соат неруи барқ мерасад, охири  соли 2014 пурра ба кор дароварда шуд. Ҳоло сохтмони навбати дуюми МБГ-2 идома дорад. Дар сохтмони навбати дуюм корҳои асосгузорӣ ба анҷом расида, санҷиш ва интиқоли таҷҳизоти калонҳаҷм оғоз ёфтаанд. Ширкати чинии ТВЕА тасмим гирифтааст, ки сохтмонро пеш аз муҳлат ба анҷом расонад. Баъди пурра ба истифода додани иншоот иқтидори он  ба 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал гармӣ  мерасад.
Бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ  вобаста ба он, ки дар он технологияи навтарин насб шудаанд ва тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ  риоя шуда, марказ дорои се марҳилаи низоми ҳавотозакунист, ҳангоми кор кардани Маркази барқу гармӣ муҳити экологӣ  зарар намебинад.
Дар дигар иншооти барқу гармии пойтахт низ имрўзҳо охирин корҳои тайёрӣ анҷом меёбанд ва онҳо ҳафтаҳои наздик ба кор сар хоҳанд кард.

Ноябрь 11, 2015 07:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст