Меҳмонхонаи «Серена» меҳмонхонаи беҳтарин дониста шуд

Ноябрь 5, 2015 05:22

Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Меҳмонхонаи  «Серена Душанбе» дар  раддабандии Меҳмонхонаи беҳтарин» байни меҳмонхонаҳои дигари «Серена» воқеъ дар Осиёи Марказию Ҷанубӣ ғолиб шуда, бо мукофоти олии World Travel Awards сарфароз гардид. 
Маросими ботантанаи мукофотдиҳӣ байни кишварҳои Осиё ва Австралия дар Ҳонконг сурат гирифт. 
Тавре ки дар раёсати маркетинги шабакаи меҳмонхонаҳои «Серена» хабар доданд, мукофот ба беҳтаринҳои ширкат дар бахши сайёҳӣ ва хидматрасонӣ дар асоси овоздиҳии байни сайёҳон ва мутахассисони касбии бахши сайёҳии тамоми ҷаҳон дода мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки шабакаи меҳмонхонаҳои «Серена» дар саросари ҷаҳон таҳти васояти хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодиёт фаъолият дошта, машҳури ҷаҳон ном гардидааст. 

Ноябрь 5, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст