Муҳокимаи масъалаи мубориза бо ДИИШ ва масъалаи гурезаҳо дар саммити G20

Ноябрь 16, 2015 05:04

Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — 15  ноябр дар  шаҳраки  Белеки  музофоти  Анталияи  Туркия  ҳамоиши  роҳбарони   кишварҳои «Бистгонаи  бузург» ба  кораш  шурӯъ  намуд, ки   ду  рӯз  идома  меёбад. 
Бинобар  воқеаҳои  Париж чораҳои  бесобиқа  дида  шудаанд. Мубориза  бо  терроризми  ҷаҳонӣ  ва  муқовимат  ба  ДИИШ  яке  аз  мавзӯъҳои  асосие мегардад, ки онҳоро   роҳбарони «Бистгонаи  бузург» мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд. 
G20 барои  муҳокимаи  масоили  ҳамкории  молиявию иқтисодии  ҷаҳонӣ  форуми   асосӣ  ба  шумор  рафта,   иқтисодиёти калонтарини  мутараққӣ  ва   тараққиёбандаи  ҷаҳонро  дар  бар  мегирад, ки қариб  85  фоизи  маҷмӯи  маҳсулоти   дохилии  ҷаҳон  ба он  рост  меояд. 

 

Ноябрь 16, 2015 05:04

Хабарҳои дигари ин бахш