Мулоқоти М.Убайдуллоев бо директори ДА ФБҶССҲА
Душанбе, 30.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни иштирокаш дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД дар шаҳри Санкт — Петербург бо директори Дафтари аврупоии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ДА ФБҶССҲА) Семён Мисири мулоқот анҷом дод.
М.Убайдуллоев ба ФБҶССҲА барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва иҷрои вазифаи наҷибаш барои расонидани ёрии амалӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва роҳандозии тадбирҳои иттилоотию тарғиботӣ барои дидани чораҳо дар вазъиятҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои кӯҳистонӣ буда, дучори офатҳои табиӣ мегардад. Чунин офатҳои табиӣ, аз қабили зилзила, сел, ярч, лағзиши қабатҳои замин, хушксолӣ, обхезӣ, боришоти шадид ва обшавии яхҳо, ба шаҳру деҳот таъсири ҷуғрофӣ мерасонанд.
«Бахори соли ҷорӣ дар кишвари мо чунин офатҳои табиӣ рух доданд. Бар асари боришоти шадид ва обшавии яхҳо сатҳи дарёҳо баланд гардида, обхезӣ ва фурӯравии ярч, зери об мондани киштзору деҳаҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст. Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба аҳолии ноҳияҳои зарардида дасти ёрӣ дароз карда, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва амволи зарурӣ таъмин намуд», — изҳор дошт М.Убайдуллоев.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






