Мулоқоти М.Убайдуллоев бо директори ДА ФБҶССҲА

Ноябрь 30, 2015 04:30

Душанбе, 30.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маҳмадсаид  Убайдуллоев  дар  ҷараёни  иштирокаш  дар  ҷаласаи Ассамблеяи  байнипарлумонии  давлатҳои аъзои  ИДМ  ва Ассамблеяи парлумонии  СААД дар  шаҳри Санкт — Петербург  бо  директори  Дафтари  аврупоии Федератсияи  байналмилалии  ҷамъиятҳои Салиби  Сурх  ва  Ҳилоли  Аҳмар  (ДА ФБҶССҲА) Семён Мисири  мулоқот  анҷом дод. 
М.Убайдуллоев ба ФБҶССҲА  барои ҳамкорӣ бо  Тоҷикистон  ва  иҷрои  вазифаи  наҷибаш  барои  расонидани ёрии амалӣ ба  табақаҳои  осебпазири аҳолӣ ва роҳандозии  тадбирҳои  иттилоотию тарғиботӣ барои  дидани  чораҳо дар  вазъиятҳои фавқулодда изҳори  миннатдорӣ  намуд. 
Зикр  шуд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи  кишварҳои  кӯҳистонӣ  буда, дучори  офатҳои  табиӣ  мегардад. Чунин  офатҳои табиӣ,  аз  қабили зилзила,  сел, ярч,  лағзиши қабатҳои  замин,  хушксолӣ,  обхезӣ, боришоти  шадид ва обшавии  яхҳо,  ба шаҳру  деҳот  таъсири  ҷуғрофӣ мерасонанд. 
«Бахори  соли  ҷорӣ  дар  кишвари  мо  чунин  офатҳои табиӣ  рух доданд. Бар  асари боришоти  шадид  ва обшавии  яхҳо сатҳи  дарёҳо  баланд  гардида, обхезӣ ва  фурӯравии   ярч,  зери об  мондани киштзору  деҳаҳои ВМКБ,  вилоятҳои Хатлону  Суғд ва  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст.   Федератсияи  байналмилалии  ҷамъиятҳои Салиби  Сурх  ва  Ҳилоли  Аҳмар  ба  аҳолии ноҳияҳои  зарардида дасти  ёрӣ  дароз  карда,  онҳоро  бо  маводи  ғизоӣ ва  амволи  зарурӣ  таъмин  намуд», —  изҳор  дошт  М.Убайдуллоев.

Ноябрь 30, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд