Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Федор Климчук

Ноябрь 4, 2015 10:28

Душанбе, 04.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябри соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ муовини роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Федор Климчукро ба ҳузур пазируфт.

Дар  мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории минтақавӣ дар самтҳои бехатарӣ, тақвияти сарҳад, мубориза бар зидди маводи мухаддир, обу энергетика ва нақшаҳои ояндаи ин марказ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ноябрь 4, 2015 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш