Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Тисиана Бонапаче

Ноябрь 10, 2015 06:30

Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9 ноябри соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари шуъбаи минтақавии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Тисиана Бонапаче баргузор гардид. 
Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, дар  чаҳорчӯби «Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ» (СПЕКА) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ба баргузорсозии  ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи «Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ» (СПЕКА) ва Форуми иқтисодии СПЕКА “Дастгирӣ ва мониторинги татбиқи рӯзнома дар соҳаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи СПЕКА”, ки 10-11 ноябр дар Душанбе ҷараён  мегирад, мубодилаи афкор намуданд.

Ноябрь 10, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид