Мулоқоти Сарвари давлат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Зимни мулоқоти хоса Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Покистон дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб барорем”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба, инчунин рушду таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии ҳамкории хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”.
Робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ду ҷониб омили муҳим барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, дифоъ, амният ва фарҳангу маориф арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки он баҳри таҳкиму тавсиаи ҳамкорӣ имкониятҳои фарох муҳайё месозад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки рушди босуботи иқтисодиёти Покистон барои мо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тавассути қаламрави ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии он — Қарочию Гвадар роҳ ёбад.
Вобаста ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон тайи солҳои охир, зикр гардид, ки бояд дар давоми се соли оянда ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш дода шавад”.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории пурсамари ду кишвар баҳри истифодаи самараноки анборҳои бандари Гвадар ва минтақаи озодии иқтисодии Панҷ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба нафъи кишварҳои минтақа гуфтугуйи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






