Муносибатҳои меҳнатӣ ва тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ бояд чӣ гуна сурат гиранд?
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ Ховар).-Мақсади гузаронидани машварат дар шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Муносибатҳои меҳнатӣ ва тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ» дар ташкилоту муассисаҳо ташкил намудани намояндагии кормандон, ба имзо расонидани шартномаҳои коллективӣ, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бартараф намудани қарз аз музди меҳнат, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён буд.
Дар машварат миёни корфармоён ва мутахассисони соҳа доир ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи Иттифоқи касаба», бартараф намудани қарздории музди меҳнат саволу ҷавоб доир гардида, корфармоён оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, ҳуқуқҳои корфармою корман, муҳлати пардохти музди маоши кормандон аз тарафи корфармоён, тартиби пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, додани рухсатиҳои ҳомиладорӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






