Нақши Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти судӣ
Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳсули Истиқлолияти давлатӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ-таъминкунандаи ин ҳуқуқҳо ва волоияти қонун муқаррар намуд. Имрӯз аз он сарфарозем, ки маҳз ба тафайли ин падидаи даврони соҳибистиқлолӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ҳокимияти судӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, шинохти ҷавҳари таърихи Ватан, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ноил гашта, зина ба зина бо низом ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад», — иброз намуд раиси Шӯрои адлияи кишвар Муродзода Дӯстмурод Ҳайит дар мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ин ниҳод баргузор гардид.
Дар ҳамоиш судяҳо ва намояндагони мақомоти судии кишвар иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Ташаккули Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон», «Нақши Конститутсияи ҶТ дар ташаккули низоми ҳуқуқи мурофиавӣ», «Конститутсияи ҶТ ва такмили қонунгузории ҶТ дар даврони истиқлолият», «Нақши Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти судӣ» ва «Конститутсияи ҶТ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон» маърӯза намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






