Намоиш-фурўши техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар ноҳияи А. Ҷомӣ
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиш-фурўши техника ва дигар мошинолоти кишоварзӣ, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ мебошанд, баргузор гардид. Дар намоишгоҳ наздики 20 навъи техникаи муосири хоҷагии қишлоқ ба маъраз гузошта шуд.
Муовини якуми раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба аҳамияти истифодаи техника дар соҳаи кишоварзӣ гуфт, ки мақсади чорабинӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ мебошад.
«Намоиш-фурӯши техника ва мошинолоти кишоварзиро Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» баргузор кардааст ва алоқамандон метавонанд дар баробари харидории техника, ҳамчунин баъзе намудҳои онро ба иҷора бигиранд», — афзуд муовини якуми раиси вилоят.
Дар доираи намоиш-фурӯш машварати вилоятӣ дар мавзӯи «Таъсис ва муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ» доир гардид. КВД «Тоҷикагролизинг» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намояндагии худро оид ба хизматрасонии техникӣ таъсис додааст ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят метавонанд барои дарёфти маълумот ва машварат оид ба харид, иҷора ва истифодаи техникаи кишоварзӣ ба ин муассиса муроҷиат намоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






