Намоиш-фурўши техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар ноҳияи А. Ҷомӣ

Ноябрь 18, 2015 03:46

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиш-фурўши техника ва дигар мошинолоти кишоварзӣ, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ мебошанд, баргузор гардид. Дар намоишгоҳ наздики 20 навъи техникаи муосири хоҷагии қишлоқ ба маъраз гузошта шуд. 
Муовини якуми раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба аҳамияти истифодаи техника дар соҳаи кишоварзӣ гуфт, ки мақсади чорабинӣ  дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ мебошад. 
«Намоиш-фурӯши техника ва мошинолоти кишоварзиро Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» баргузор кардааст ва алоқамандон метавонанд дар баробари харидории техника, ҳамчунин баъзе намудҳои онро ба иҷора бигиранд», — афзуд муовини якуми раиси вилоят. 
Дар доираи намоиш-фурӯш машварати вилоятӣ дар мавзӯи «Таъсис ва муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ» доир гардид. КВД «Тоҷикагролизинг» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намояндагии худро оид ба хизматрасонии техникӣ таъсис додааст ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят метавонанд барои дарёфти маълумот ва машварат оид ба харид, иҷора ва истифодаи техникаи кишоварзӣ ба ин муассиса муроҷиат намоянд.

Ноябрь 18, 2015 03:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид